Имрӯз, 24 апрел, дар доираи XVI Форуми байналмилалӣ «Рушди инноватсионӣ тавассути бозори моликияти зеҳнӣ», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бахши 8-уми чорабинии мазкур «Нақши моликияти зеҳнӣ дар рушди иқтисоди инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, бахусус дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳуриии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, муовини Раиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бодушорзода Мералӣ, кормандони муассисаву агентӣ ва намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид.
Директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода дар қисмати пленарии Форуми мазкур низ иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин, дар бахши мазкур иштирокчиён дар мавзуҳои гуногуни соҳаи моликияти зеҳнӣ дар шакли рӯнамо баромад намуданд.















