Имрӯз дар муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони муассиса ва сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С. Н. корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассиса доир карда шуд.
Ҳамоишро директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба Раҳмонзода С. Н. доданд. Дар навбати худ, намояндаи Агентӣ доир ба барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.










