Санаи 19-22 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи “Бақайдгирии байналмилалии ихтироъ тавассути низоми PCT (шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ)” аз ҷониби намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Олга Крисанова ва Роберто Перез барои коршиносони муассиса ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин омӯзонидани коршиносони муассиса аз раванди коргузории низоми бақайдгирии ихтироот тавассути низоми ягонаи байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷа мебошад.















