Санаи 28 майи соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтичод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муассиса) аз тарафи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе барои кормандони муассиса мизи муддавар оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдор барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, роҳ надодан ба омилҳои корупсионӣ ва этикаи касбӣ баргузор намуда, дар ин ҷода судяҳо бо маърузаҳои худ баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо рушд карда, заминаи ҳуқуқии онҳо мустаҳкам гардиданд, аз ҷумла соҳаи энергетика дар кишвар.
Ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, шахсони воқеӣ муваззаф гардиданд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, аз ҷумла низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани истифодаи ғайриқонунии онро риояи намоянд.


















