Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии ҷоизадорони 18-умин Намоишгоҳи байналмилаии ихтирооти занҳои ихтироъкор “KIWIE – 2025”, ки санаи 22-24 майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, доир карда шуд.
Дар намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихироъкор аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод карда шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар ихтироъкор иштирок варзида, 3 нафар ба таври ҳузурӣ ва 7 нафар ба таври маҷозӣ натиҷаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷа, занон-ихтироъкорони кишвар соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷии Намоишгоҳи байналмилалиро соҳиб гардиданд. Инчунин, ба 3 нафар онҳо “Ҷоизаи махсус”-и дигар давлатҳо супорида шуданд, аз ҷумла:
– Навруззода Ганҷина – медали тилло ва ҷоизаи махсуси International Federation of Inventors’ Associations – IFIA;
– Аловиддинзода Рухшона – медали тилло ва ҷоизаи махсуси Korea Institute of Patent Information;
– Сайффиддинзода Мунфиза Бурҳонӣ – медали тилло;
– Карим-заде Гуландом – медали тилло;
– Сайфиева Сафия – медали тилло;
– Ҳалимова Фариза – медали нуқра ва ҷоизаи махсуси The First Institute of Researchers and Inventors in I.R.IRAN – FIRI;
– Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна – медали нуқра;
– Мавлянова Зилола Фархадовна – медали биринҷӣ;
– Шозиёева Чаманоро Парвонашоевна – медали биринҷӣ;
– Мадалиева Зарина – медали биринҷӣ.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2012 то инҷониб бонувону духтарони тоҷик 79 медал, аз ҷумла 31 тилло, 27 нуқра ва 21 биринҷии медалҳои Намоишгоҳи “KIWIE”-ро соҳиб гаштанд.

















