13 июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии директори Муассиса – Исмоилзода Мирзо бо Шен Ченю комиссари (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибати дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти баргузории чорабиниҳо, таҳкими табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон, тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар бахшҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон муносибатҳои кориро дар доираи Осиёи Марказӣ ва Хитой, “Як камарбанд, як роҳ” ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории дуҷониба баррасӣ намуданд.

Комиссари (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Хитой Шен Ченю маротибаи аввал аст ба Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда ва ин сафар ба сатҳи баланд баромадани ҳамкориҳоро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни ду кишвар тасдиқ менамояд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!