Санаи 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дуюмин вохӯрии роҳбарони Идораҳои патентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайятҳо аз ҷумҳурҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба таври ҳузурию маҷозӣ ширкат варзиданд.

Ҳайяти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоилзода Мирзо ба таври ҳузурӣ иштирок намуд.

Исмоилзода М. дар чорабинии мазкур оид ба вазъи моликияти зеҳнӣ дар кишвар ва тақвияти ҳамориҳо дар доираи Осиёи маркази ва Хитой суханронӣ намуда, ин иқдомро барои рушди соҳаи моликияти зехнӣ дар минтақа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!