Санаи 18-21 июни соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петурбурги Федератсияи Россия Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2025) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон, донишмандону олимон ва иқтисодчиён аз 144 кишварҳои хориҷа иштирок намуданд.

Санаи 18 июн бахши “Моликияти зеҳнӣ дар сохтори иқтисоди инноватсионӣ” дар доираи Форуми мазкур гузаронида шуд, ки дар он директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода М. иштирок карда, дар мавӯи мубрам суханронӣ намуд.

Қайд қарда шуд, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар моликияти зеҳнӣ дар бахши соҳибкорӣ мавқеи худро баланд карда, самти татбиқи натиҷаҳои корҳои эҷодӣ ва истифодаи брендхову рақамикунонӣ ба сатҳи нав баромаданд, ки ин рушди иқтисоди инноватсиониро таъмин карда истодааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ, тибқи барнома, маросими саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ доир карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки санаи 20 июн дар ҷаласаи пленарии Форуми мазкур Президенти Федератсияи Россия Влидимир Путин дар назди ҳозирин ва рӯзноманигорон низ иштирок ва суханронӣ намуд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!