Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани сертификатҳо аз ҷониби директори муассиса Исмоилзода Мирзо ба иштирокчиёни курси “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” баргузор гардид .

Курси омӯзишӣ аз санаи 13 то 24 октябри соли равон барои кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шуда, дар он кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизация, метрология, сертификация ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мақомот иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар курси мазкур дар баробари мутахассисони дохилӣ, инчунин мутахассиси хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазокистон бо мақсади мубодилаи таҷриба оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҷалб карда шуд. Курси омӯзишӣ ҳамаи паҳлуҳои моликияти зеҳниро, аз ҷумла назария, эҷод, пешниҳод, санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайрнкуниро фаро гирифт.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!