Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуда, сипас директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода ҳозиринро бо ин рӯзи таърихиву пурифтихор табрик намуданд.
Иброз гардид, ки беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, чунин таъкид намудаанд: Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он мебошад. Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеияш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ, санаи 24-уми ноябри соли 1992 бо се ранг, яъне сурх, сафед, сабз ва тоҷ бо ҳафт ахтар пазируфта шуд.
Парчами давлатӣ рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.















