Санаи 12 декабри соли 2025 ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва инчунин Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё ба ҳайси нозир иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек – директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба хифз ва химояи ҳуқуқи моликияти зехнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ, нақша ва вазифаҳои дар пеш истода барои рушди соҳа дар кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин дар кори ҷаласа масъалаҳои Шӯро, аз ҷумла кор дар доираи лоиҳаи CISPATENT, баландбардории савияи дониши кадрҳои давлатҳои ИДМ, ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯро дар солҳои 2021-2024, рафти таҳияи лоиҳаи тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани нархи бозории объектҳои моликияти зеҳнӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) Стратегияи рушди иқтисоди ИДМ барои давраи то соли 2030, ташкили ҳамкорӣ байни Шӯрои мазкур ва Шӯрои байнидавлатии оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ доир ба масъалаҳои таҳияи стандартҳои байнидавлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дар бораи раисикунадаи Шӯро барои соли 2026 ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.












