Имрӯз дар толории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои вазорат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!