Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши корӣ бо намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки санаи 29 ноябри соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2024 ва санаи 11 декабри соли равон Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол – 2025” таҳти унвони “Қуллаи шараф” дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорони ватанӣ ва саҳми арзанда гузоштан ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои болоқайдшуда як қатор намояндагони патентӣ ва бахши хусусиро бо сипосномаи муассиса қадрдонӣ намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!