Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии вазорат Файзуллозода Ф. роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони муассиса ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар соли 2025 баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. оғоз гардида, сипас доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби директори муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек дар шакли рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки вобаста ба рушди босуботи соҳаи моликияти саноатӣ, тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани сатҳи сифати кору хизматрасонӣ аз ҷониби муассиса корҳои назаррас иҷро гардид.
Баён карда шуд, ки дар ин давра муассиса пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосии худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот, рақамикунонии соҳа, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати мамалакат иҷрои як қатор нақшаҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии муассиса иштироки ихтироъкорон ва навоварони кишвар дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин карда шуд, ки дар натиҷа иштирокчиён соҳиби ҷойҳои намоён ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Дар маҷмӯъ бо назардошти амалигардонии як қатор чораҳои судманд дар соли 2025 рушди нишондиҳандаҳои соҳаи моликияти саноатӣ таъмин карда шуд.
Дар даврви ҳисоботӣ 173 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 адад (47%) зиёд мебошад
Ҷиҳати ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ 1210 ариза ба муассиса ворид шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 282 адад (30%) зиёд мебошад ва бо расмиёти байналмилалӣ 2376 ариза барои бақайдгирии тамғаи молӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даваи соли гузашта 34 адад зиёд мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Абдураҳмонзода А., қайд намуд, ки дар маҷмуъ фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти дастовардҳои муҳимми соҳа мусбӣ арзёбӣ гардида, бо таъкид аз натиҷаҳои бадастомада ба роҳбарияти муассиса дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.




















