Санаи 21 январи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия дар қатори дигар лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани қисми 6 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» таҳия гардидааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декбари соли 2025, №697, “Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам, нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ” қабул гардидааст.
Минбаъд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани номи расмии кишвар, тасвири парчам, нишон ва дигар рамзҳои давлатӣ бе ҳифз дар тамғаи молӣ тибқи тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.











