Имрӯз дар Муассисаи далатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои Миллат ҷамъомад баргузор гардид, ки бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори муассиса муҳтарам Мирзо  Исмоилзода оғоз намуда, қайд карданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 баргузор гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатро муайян намуд. Дар ин Паём масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Пеш аз ҳама, дар Паём ба рушди иқтисоди миллӣ диққати махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна аз омилҳои асосии пешрафти иқтисоди кишвар ба шумор мераванд. Ин раванд метавонад боиси зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад.

Ҳамзамон, масъалаҳои иҷтимоӣ низ дар маркази диққат қарор дошт. Президенти кишвар ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббиро таъкид карданд.

Дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг баён карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози миллат мебошанд. Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад.

Дар фарҷом, директори муассиса Исмоилзода Мирзо баён намуданд, ки татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!