Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушди иқтидори илмӣ озмунро барои дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ эълон менамояд.

Талабот барои иштирок дар озмун аз рӯи самтҳо:

  1. Илмҳои дақиқ – фаъолияти манфиатбахши илмиву эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
  2. Адабиёт – таълифи китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор ва дигар осор;
  3. Рӯзноманигорӣ – таҳия ва нашри мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
  4. Санъат – сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои хусусияти тарбиявӣ дошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра;
  5. Меъморӣ – пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншоот, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошанд;
  6. Техникаву технология – такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, ихтироъкорӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
  7. Инноватсияву ихтироъкорӣ – татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди нерӯи инсонӣ ва инфрасохтор, амалисозии чор ҳадафи стратегии мамлакат, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва таҳқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин ва технологияҳои иттилоотӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва тарҷумаи ҳол (ҳар кадом дар 2 нусха);
  2. Тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб (2 нусха);
  3. 4 адад расм бо андозаи 3х4;
  4. Қарори муассисае, ки дар он довталаб таҳсил ё фаъолият менамояд;
  5. Рӯйхати корҳои илмӣ ё эҷодӣ;
  6. Баста ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда.

Тартиб ва муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 14 марти соли 2026, соати 17:00 ба суроғаи зерин амалӣ карда мешавад:

  • шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42,
  • Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.

Маълумот барои тамос

  • Телефонҳо: (+992) 221-72-83, 93-460-30-31, 100-87-97-97
  • Суроғаи электронӣ: rjv.dushanbe@gmail.com

Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида барои иштирок дар озмун қабул карда намешаванд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!