Аз 8 то 12 феврали соли 2026 дар Давлати Кувайт 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна баргузор гардид.
Ин намоишгоҳ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои илмӣ дар минтақа буда, дар он намояндагони беш аз 40 кишвар иштирок намуданд. 8 нафар олимон, муҳаққиқон ва ихтироъкорон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида, дастовардҳои илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии худро ба маъраз гузоштанд.
Дар натиҷа, муҳаққиқони тоҷик соҳиби 10 медал: 3 – тилло, 3 – нуқра ва 4 – биринҷӣ соҳиб гаштанд. Лоиҳаҳои муҳаққиқони кишвар аз ҷониби ҳакамони байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд ва барои навоварӣ ва аҳамияти амалии худ мукофотонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иштироки фаъолонаи худ дар чорабиниҳои байналмилалӣ саҳми назаррас дар пешбурди обрӯю нуфузи кишвар ва соҳаи ихтироъкорӣ мегузоранд.













