Санаи 10 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти муассиса, сардори Шуъбаи рушди илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии вазорат Хушвахтов Аҳад Зикруллоевич, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони муассиса ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода оғоз гардида, сипас доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини аввали директори муассиса Вализода Шавқат Шаробудин гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки вобаста ба рушди босуботи соҳаи моликияти саноатӣ, тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани сатҳи сифати кору хизматрасонӣ аз ҷониби муассиса корҳои назаррас иҷро гардид.
Баён карда шуд, ки дар ин давра муассиса пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосии худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот, рақамикунонии соҳа, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати мамалакат иҷрои як қатор нақшаҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар маҷмӯъ бо назардошти амалигардонии як қатор чораҳои судманд дар се моҳи аввали соли 2026 рушди нишондиҳандаҳои соҳаи моликияти саноатӣ таъмин карда шуд.
Дар даврви ҳисоботӣ 44 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Ҷиҳати ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ 205 ариза ва бо расмиёти байналмилалӣ 703 ариза барои бақайдгирии тамғаи молӣ ворид гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа директори муассиса Исмоилзода М. қайд намуд, ки дар маҷмуъ фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти дастовардҳои муҳими соҳа мусбӣ арзёбӣ гардида, бо таъкид аз натиҷаҳои бадастомада ба сардорони воҳидҳои сохторӣ ва масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.















