Имрӯз, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзо Исмоилзода дар ҷаласаи пленарии 17-умин Форуми байналмилалии «Рушди инноватсионӣ тавассути бозори моликияти зеҳнӣ», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дар шакли маҷозӣ иштирок намуда, дар мавзӯи мабрам бо баёни таҷрибаи Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони воломақом аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Инчунин, дар доираи Форуми мазкур, ҷаласаҳои бахшҳо доир карда шуданд, ки бахши 9-уми чорабинии мазкур таҳти мавзуи «Бозори моликияти зеҳнӣ дар рушди технологияҳои рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Бахши мазкурро Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намуданд. Модераторони ин бахш Исмоилзода М. – директори муассиса ва Исфандиёр Яздонзода – муовини директори Агентӣ чорабинии мазкурро бо иштироки намояндагони идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гузарониданд.

Дар бахши мазкур иштирокчиён дар мавзуи қайдшуда дар шакли рӯнамо ва гузориш баромад намуда, атрофи масъалаи мазкур муҳокимаронӣ доир карда шуд.

    
               

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!