Имруз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 26 апрел ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки роҳбарияту кормандони муассиса, инчунин яқ қатор ихтироъкорони фаъоли кишвар баргузор гардид.
Чорабиниро директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода оғоз бахшида, кормандон, ихтироъкорон, эҷодкорони кишвар ва кулли нафароне, ки дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пайваста фаъолият менамоянд бо рӯзи касбӣ таҳният намуданд.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати кишвар яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эљодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд. Дар ин радиф, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода бурда истодааст.
То имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 510 адад патент ва 1726 адад нахустпатент ба ихтироъ, 108 патент ба намунаи саноатӣ ва 75475 шаҳодатномаи тамғаҳои молӣ сабт шудаанд.
Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки имрўз дастовардҳои ихтироъкорони моро дар арсаи байналмилаӣ эътироф менамоянд ва ҳамчунин бо ҷоизаҳои олӣ ҷадрдонӣ карда мешаванд.
Яке аз чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Дар маљмуъ, аз солњои 2012 то ба имрўз бо пешниҳоди 77 адад ихтирои 48 бонувон ихтироъкорони ҷумҳурӣ, соҳиби 30 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 27 адад медали нуқра, 21 адад медали биринҷӣ, ҳамчунин 2 адад Гран-прӣ-и Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 адад Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон, 1 адад Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 адад Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.
Инчунин, дар соли 2026, ихтироъкорони кишвар дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна, ки дар Давлати Кувайт баргузор гардид иштирок намуда, соҳиби 10 медал: 3 – тилло, 3 – нуқра ва 4 – биринҷро соҳиб гаштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, яқ қатор ихтироъкорони фаъоли кишвар барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ дар кишвар ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом, яқ қатор кормандони муассиса барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар ва фаъолияти корӣ бо “Ифтихорнома” ва “Нишони муассиса” қадрдонӣ карда шуданд.











