Санаи 3-6 июни соли 2026 ҳайяти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ – вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) иштирок намуд.
Дар форуми мазкур директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек низ ширкат варзид.
Ҳайяти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмӣ, чорабиниҳои канорӣ, намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулот ва чаласаи пленарии Форуми мазкур иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 ҳазор иштирокчиён аз сохторҳои давлатӣ, сармоягузорон, ҷавонон, варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон ва донишмандону олимон аз 130 кишвари дунё иштирок намуданд.
Дар ҳошияи Форум бахши моликияти зеҳнӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид, ки дар он директори муассиса Исмоилзода Мирзо иштирок намуд. Ҳамзамон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. ва директори муассиса Исмоилзода М. бо роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) Зубов Юрий Сергеевич доир шуда, масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дучониба баррасӣ гардид.
Cанаи 5 июни соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки бо иштирок ва суханронии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин доир шуд, низ иштирок намуданд.












