Санаи 11 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими сертификатҳо ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид.
Курси мазкур аз санаи 1 то 12 июни соли ҷорӣ, дар асоси иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ба намояндагони донишгоҳу институтҳои илмии кишвар гузаронида шуда, масъалаҳои моликияти зеҳниро, аз ҷумла назария, эҷод, пешниҳод, санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайрнкуниро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ фаро гирифт.










