Санаи 17-18 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи масъалаҳои патентикунонӣ ва дастгирии ихтироъкорон барои коршиносони муассиса, бахуссус самти экспертизаи ихтирооти ба соҳаҳои тиб, фармасевтика, химия, механика, физика ва технологияҳои компютерӣ ва инчунин барои ихтироъкорону намояндагони патентии кишвар аз ҷониби коршиносони Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё доир карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардории тахассуснокӣ ва огоҳии коршиносони муассиса, ихтироъкорон ва намояндагони патентӣ аз тағйироти охирини низоми патентикунонии Авруосиёӣ мебошад.
Дар раванди тренинг коршиносони ИПАО ба ҳозирин дар бораи низоми патентикунонии ИПАО, экспертизаи ихтирооти ба соҳаҳои тиб, химия, фармасевтика, физика, механика ва технологияи компютерӣ рабтдошта ва инчунин Низомномаи ИПАО дар бораи дастгирии аризадиҳандагон аз кишварҳои узви ТПАО-ро матраҳ намуданд.
Ҳамзамон низоми рақамии муассиса аз ҷониби коршиносони самти технологияҳои иттилоотии ИПАО таҳлил карда шуда, вобаста ба масъалаҳои ҷойдаштаи ин низом таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.






















