Санаи 26 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттиллот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини аввали директори муассиса Раҷабзода Парвиз Абдураҳим оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони кишварро бо ин санаи тақдирсоз самимона табрик намуда, иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки санаи 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул намуд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони муассиса низ бо маърузаҳо дар мавзуи саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати кишвар баромад намуданд.













