Имруз, дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар доираи Форуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург – 2026 бахши алохида таҳти мавзӯи «Табдили сохтории иқтисодиёт ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ: таъсири мутақобила ва тамоюлҳои рушд» баргузор гардид.
Дар бахши мазкур намояндагони сохторҳои гуногун аз Федератсия Россия, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Идораи патентии Авруосиеии Ташкилоти патентии Авруосие Ивлиев Григорий Петрович, Роҳбари Институти ҷумҳуриявии илми-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Лопатин Владимир Владимирович, Директори генералии Ассотсиатсияи тиҷорати аврупоӣ Тадзио Шиллинг ва ширкатҳои азими ҳуқуқи ва донишгоҳҳои Россия ширкат варзиданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мазкур Мирзо Исмоилзода – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзуи мубрам суханрони намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!