Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими сертификатҳо ба кормандони ҷавони муассиса, ки курси омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»-ро хатм намуданд, баргузор гардид.
Курси мазкур аз санаи 27 апрел то 8 майи соли равон ҷиҳати баланд бардории савияи дониши соҳавии кормандони ҷавон ва навтаъиншудаи муассиса гузаронида шуда, масъалаҳои моликияти зеҳниро, аз ҷумла назария, эҷод, пешниҳод, санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайрнкуниро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ фаро гирифт.













