Санаи 7-15 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи кишварҳо-аъзои Созмони умумичаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) баргузор гардид.
Дар кори Ассамблея роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии кишварҳо-аъзои СУМЗ иштирок намуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода ширкат варзид.
Дар чорабинии мазкур Исмоилзода М. оид ба вазъи кунунии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар ва хуҷҷатҳои муҳими соҳавӣ ҷиҳати рушди соҳа дастовардҳои назаррас ба даст оварда шуданд, яъне низоми мукаммали моликияти зеҳнӣ ташаккул ёфта ва бо мувафаққият фаъолият намуда истодааст.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи моликияти зеҳнӣ бо назардошти стратегияи миллии рушди моликияти зехнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланди рушд баромадааст.
Дар доираи чорабинии мазкур ҳайяти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеа ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо роҳбарон ва намояндагони як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ҷумҳуриҳои Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва намояндагони СУМЗ вохӯриҳои дуҷониба гузарониданд.
Ҳамзамон, дар ин раванд, ҷаласаи Гурӯҳи кории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ (CACEEC) оид ба моликияти зеҳнӣ доир гашта, вобаста ба масъалаҳои ҷории минтақавӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ҳайяти Тоҷикистон таклифҳо манзур намуд.












